Данный браузер не поддерживается. Используйте более совремменный браузер.
Рады Вам. Добро пожаловать на наш сайт. Уважаемые посетители нашего сайта Avasto.tj Если у вас есть Рефераты.Курсовые и Дипломные работы на Таджикском языке, можете добавлять на наш сайт.
» » Мирзо-Турсунзода ПИСАРИ ВАТАН
29 сен 2017
Информация к материалу
  • Просмотров: 690
  • Автор: azamino
  • Дата: 29 сен 2017

Мирзо-Турсунзода ПИСАРИ ВАТАН

azaminoАдабиети точик

Падар мезад нишаста назди фарзанд,
Варақ заррин китоби ҳикмату панд.
Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,
Саросар достони қаҳрамонӣ:
Гаҳе аз мардии Фарҳод мегуфт,
Гаҳе аз Хусрави бедод мегуфт;
Гаҳ аз виҷдони Лайлии гуҳарпок,
Гаҳ аз фарёди Маҷнуни ҷигарчок;
Гаҳ аз Заҳҳоки морон достоне,
Гаҳе аз ҷанги Оҳангар баёне;
Ба фарзандаш падар мегуфт такрор,
Ки ин панди маро дар гӯши худ дор,
Дар ин дунё ҳар он чизе, ки дидам,
Ҳар он чизе, ки аз мардум шунидам,
Сухан аз ашку аз занҷир буданд,
Зи шӯри халқи бетақсир буданд.
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст,
Муқаддас дошт ҳар кас ки шарафро,
Набинад ҷабру зулми нохалафро.
Барои бахти хандони чунин рӯз
Намудам ҷанг бо хасми ҷаҳонсӯз,
Ба дастам буд теғи партизонӣ
Дурахшон чун чароғи зиндагонӣ.
Диёре, ки ба рӯи туст хандон,
Туро боғе ки мебошад гулистон,
Замине, ки дар он по мегузорӣ,
Ба он ту меҳри беандоза дорӣ,
Пур аз хунҳои сурханду сиёҳанд,
Ба ҷанги беамони мо гувоҳанд.

Фақат куштам, задам, хун рехтам ман,
Паёпай хоки золим бехтам ман. Ту озодӣ, писарҷонам, ту озод!
Туро мурғи саодат бол бикшод. Ба нафъи ту равон дар ҷӯй об аст,
Замин зархезу дурафшон саҳоб аст.
Барояд меҳр гарм аз қалби ховар Барои диданат чун меҳри модар,
Шуда зикри забони халқ номат, Ба ҳар ҷо менамоянд эҳтиромат.
Чаро номи ту Қодирпаҳлавон шуд? Ба меҳнат чунки зӯри ту аён шуд.
Туро имрӯз чӯянвор тан ҳаст, Ду дасти кӯҳкан, оҳаншикан ҳаст.
Ту аз даврону даврон аз ту розӣ, Ватан дорад зи номат сарфарозӣ.
Чӣ гул кардаст айёми ҷавонет! Чӣ хушбӯй аст боғи зиндагонет!...
Ҳаёт он қадр неъматҳо расондат, Ки дигар ҳеҷ камбудӣ намондат.
Бароят лек як чизи дигар кам, Ки онро орзу дорад падар ҳам.
— Падар, гӯед то фаҳмида гирам. — Ту медонӣ, ки ман як марди пирам, Ҷавонона намояд гарчи рӯҳам, Вале чун оф
Маълумоти пурра дар Авасто. Хучанд +992 92 959-04-08   Як занг ва мавод дар вайбери шумо равон мекунем!

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Добавление комментария

Имя:*
E-Mail:
Комментарий:
Введите код: *
 
Разработано в студии Tojstudio.tj