Данный браузер не поддерживается. Используйте более совремменный браузер.
Рады Вам. Добро пожаловать на наш сайт. Уважаемые посетители нашего сайта Avasto.tj Если у вас есть Рефераты.Курсовые и Дипломные работы на Таджикском языке, можете добавлять на наш сайт.
» » Асосхои тадќиќоти илми ва хадафи омўзиши он
3 апр 2018
Информация к материалу
  • Просмотров: 287
  • Автор: azamino
  • Дата: 3 апр 2018

Асосхои тадќиќоти илми ва хадафи омўзиши он

azaminoАдабиети точик

 Асосњои тадќиќоти илмї ва њадафи омўзиши он

Наќша

1.Вазифаи фанни асасњои тадќиќотњои илмї

  1. Лингвистика – илм дар бораи забон

3.Ањамияти назариявию амалїї илм

      Фанни асосњои  тадќиќотњои илми  забоншиносї   дар чабхаи забоншиноси вазифадор  аст,   ки магистрантро барои навиштани корхои илми -таткикоти дар соњаи илми забоншиноси омода созад, асоси онро забоншиносии умуми ташкил медихад ки он ба омузиши ќонуниятхои умумии забонњои дуньё сарукор дорад. Дар баробари забоншиносии умумї  забоншиносии хусусї низ мавчуд аст, ки  вазифаи он тадкид намудани сатхои мухталифи хар як забони мушаххас сару кор дорад 

      Лингвистика – илми забон яке аз улуми ќадима ва дар навбати худ бисёрсоњаю гуногунљанба ба њисоб меравад. Мураккабияти сохтори лингвистикаро аз чанд љињат шарњу баррасї намудан ба маќсад мувофиќ аст:

1) Алоќа, робита ва хусусиятњои хоси забон бо системањои дигар, аз љумла, табиат, љамъият, маданият, улуми дигар, аз ќабили психология (рўњшиносї) ё сотсиология ва ѓ.

2) Зиёд будани теъдоди забонњо ва ба оилањои махсус мансуб будани онњо.

3) Муносибати гуногун ба забон аз љониби лингвистика, ки дар заминаи принсипњои мухталифа, равияњои забоншиносї, метод (усул) ва методикаи омўзиши забон, мактабњои гуногуни забоншиносї ва ѓ. сурат мегирад.

Аз гуфтањои боло чунин бармеояд, ки вобаста ба њадаф ва предмети тадќиќи забон илми забоншиносї низ ба ќисмату бахшњои мустаќил таќсим мешавад.

 Гурўњи аввал ва ё ќисмати якуми улуми забоншиносї масоили сохтор (структураи забонро мавриди бањси худ ќарор медињад. Зимни ин таќсимот улуми зерин дар назар аст: Фонетика, фонология, лексикология, семасиология, калимасозї, морфология ва синтаксис. Чунин таснифи улуми забон то ба имрўз барои забоншиносї, умуман ва забоншиносии миллї, хусусан басо мубраму зарурист. Бо ибораи дигар гўем, омўзиши сохтори забон то ба њол ањамияти аввалиндараљаи худро аз даст надодааст.

 Гурўњи дуюми таќсимоти улуми забон, ки дар забоншиносї сурат гирифтааст, вариантњои этикию халќии забоншиносї ба шумор мераванд, аз љумла илм дар бораи забони русї, улум оиди забонњои њиндї, англисї, чиної, арабї, тољикї ва ѓ.

Гурўњи сеюми таќсимоти улуми забоншиносї дар заминаи вазоифи иљтимоии забон ва мавриди истифода ќарор гирифтани он сурат мегирад. Ба ин гурўњ улуме мансуб њастанд, ки забони адабї, шева, услуб, забони адабиёти бадеї, илм, радио, телевизион ва ѓайраро мавриди омўзиши худ ќарор медињанд.

Гурўњи чоруми таќсимоти улуми забон равияњо, мактабњо, метод ва методикањои тадќиќотии забонро дар бар мегирад. Дар ин ќисмат забоншиносї (лингвистика) ба гурўњњои зайл табаќабандї карда мешавад: Забоншиносии муќоисавию таърихї, лингвистикаи тасвирї, забоншиносии структурї (сохторї), лингвистикаи дескриптивї, грамматикаи трансформатсионї, этнолингвистика, психолингвистика, фонетикаи таљрибавї, сотсиолингвистика ва ѓ.

Дар баробари ин дар њар як кишвару давлат илми забоншиносї анъанањои хешро дорад, ки оиди тадќиќи масъалањои гуногуни забон назариёти хоси худро доро мебошад. Дар њамин замина забоншиносї франсавї, амрикої, чехї, шўравї, њиндї ва ѓ. ном бурда мешавад. Ќобили таваљљўњ аст, ки дар улуми забоншиносии ин мардум махсусиятњои назаррасе ба чашм мерасад. Масалан, дар забоншиносии шўравї ба њайси соњањои муњими лингвистика – фонетика ва фонология, лексикология, семасиология, фразеология, калимасозї, грамматика (морфология ва синтаксис), услубшиносї шинохта шудаанд ва муваффаќона тибќи ањдофи хеш пањлуњои гуногуни сохтори забонро мавриди тадќиќи худ ќарор медињанд. Таќсимоти улуми лингвистикаи шўравї, ки зикраш дар боло рафт, дар заминаи анъанањои забоншиносии шўравї (ватанї) ва дар мадди аввал анъанањои забоншиносии рус сурат гирифтааст ва то ба њол дар забоншиносии марказ (собиќ шўравї) ва атроф њамаљониба истифода мегардад. Бояд тазаккур дод, ки мактаб ва равияњои хориљии забоншиносї, аз љумла мактаби аврупої ва амрикои шимолї чунин таќсимоти забоншиносиро ќабул намекунад. Масалан, мактаби забоншиносии дескриптивии америкоиро мегирем, ки солњои 40-60-уми асри ХХ ба њайси мактаби пуриќтидори забоншиносї эътироф гардидааст (намояндагонаш: З.Харрис, Ч.Хоккет, Б.Блок, Ю.Найда ва ѓ.), инчунин мактаби грамматикаи трансформатсионї (намояндагонаш: З.Харрис, Н.Хомский). Онњо натавонистанд улуми забоншиносиро бо таври возењ дар заминаи сохтори забон табаќабандию тасниф кунанд. Зиёда аз ин, лингвистикаи дескриптивї њалли аксари масоили забонро ба морфология ва грамматикаи трансформатсионї бошад ба синтаксис марбут медонад.

Таърихи забоншиносии умумї ва даврабандии он

Њар як илм таърихи худро дорад ва донистани он барои бењтар аз худ кардани њолати њозираи он ёрї мерасонад  ва  барои инкишофи он тањкурсї мешавад. Ѓайр аз ин донистан ва муайян кардани њолати пештараи илм, роњњои ташаккул ва такомули он ба мо имконият медињад, ки тадриљан ташаккул ва афзун гардидани дониши инсониятро муайян намоем. Умуман таърихи илми забоншиносиро бо  чунин даврањо људо кардан мумкин аст:

  • Аз даврањои ќадим то асри ХVIII;
  • Пайдоиши забоншиносии муќоисавї-таърихї ва фалсафаи забон (охири асриХVIII ва оѓози асри ХIХ);
  • Забоншиносии мантиќї ва психологї (миёнаи асри ХIХ);
  • Неограмматикњо ва сотсиологияи забон (охири асри ХIХ ва аввали ХХ);
  • Забоношиносии њозира ва структурализм (солњои 30-60 асри ХХ аввали асри Х1).

                 Аз филологияи ќадим то забоншиносии асри ХVIII

Ин давраи забоншиносї 20 асрро дар бар мегирад ва дар ин муддати дарозои таъихї тадриљан заминаи илми лингвистика поягузорї мегардад. Забоншиносии имрўзаро бе ин давра тасввур намудан имконнопазир буда, бисёр масъалањои илми забоншиносї мањз дар њамин давра ба майдони бањс кашида шуданд. Ин марњилаи тараќќиёти лингвистикаро олимон дар навбати худ ба се давра: филологияи ќадмаи классикї, забоншиносии асрњои миёна ва давраи эњё (таљаддуд) забоншиносии асрњои VII- ХVIII таќсим мекунанд.

Тазаккур бояд дод, ки филология (аз решаи юнонии philеo-дўст медорам+ logos-таълимот буда, маљмўи илмњоест, ки маданияти ин ё он халќњоро мавриди омўзиш ќарор медињад, ки дар забон ва осори бадеї инъикос ёфтаанд. Масалан филологтяи антиќа, филологияи славянї, филологияи тољик ва ѓ.) истилоњи юнониасл буда, маънояш дўст доштани сухан мебошад. Филология њамон ваќт ба вуљуд омад, ки зарурияти хониш ва омўзиши осори хаттии ќадима пайдо шуд. Ба инкишофи забоншиносї филологияи ќадимаи њинд ва Юнон таъсири пурсамар расонид.  

Саволњо барои такрор ва мустањкамкунї

  1. Сохтори лингвистикаро аз кадом љињатњо баррасї намудан ба маќсад мувофиќ аст?
  2. Илми забоншиносї ба чанд гурўњ таќсим мегардад?
  3. Таърихи илми забоншиносиро ба кадом даврањои људо менамоянд?
  4. Забоншиносии умумї аз забоншиносии хусусї чї тафовут дорад?
  5. Заминаи пайдоиши филология чї буд?     

Лексияи 2

Мавќеи  асосњои тадќиќоти илмї   дар  забоншиносї

Наќшаи дарс

  1. Масъалаи омўзиши проблемањои асосњои тадќиќотии илмї
  2. Усули тадќиќоти илмї

3.Маќоми забоншиносї он дар байни улуми дигар

Барои шарњи ин матлаб зарур аст, ки то ба љое муайян кунем, ки асосњои тадќиќоти илмї дар лингвистикаи муосир кадом  манзалатро касб намудааст ва чї маќомеро дорост. Барои љавоб додан ба ин суол баррасии  масъалаи умумияту махсусиятњои забонњо басе ањамиятнок аст. Њамчунин забонњои дунё дар баробари фарќиятњои сохторию бунёдї онњо, боз дар байни онњо бисёр љињатњои умумї, аз ќабили умумиятњои сохторї, функсионалї, таърихї ва ѓ. вуљуд доранд. Агар њамин умумияти забонњо вуљуд намедошт, забоншинос имкон пайдо намекард, ки бисёр масоили марбути забонњои ќадимию муосирро ба риштаи тадќиќ кашад. Ин умумиятњо кадомњоянд:

а) Њамаи забонњо як вазифаи мушаххас – муошират байни соњибони забонро иљро мекунанд;

 б) Њамаи забонњо як наво дар ташаккул ва баёни фикр ширкат меварзанд;

в) Њамаи забонњо дорои овозњо, луѓат, сохтори грамматикї буда, луѓатњо дар њамаи ин забонњо аксаран дорои маънї мебошанд;

 г) Аксари забонњои дунё дар шакли дањонї ва хаттї амал мекунанд. Аз љумла шакли хаттии забон мањсули давраи муайяни инкишофи иљтимоии соњибони забон ба шумор меравад;

ѓ) Аксари забонњо дар робита ба шароити таърихї ба дараљаи забони адабї расидаанд, ки дорои услубњои гуногун мебошанд .

Мањз њамин умумияти забонњо имконият медињад, ки дар илм  як бахши махсус  асосњои тадќиќотњои илмї  људо карда шавад. Дар гузашта дар лингвистика љои муњимро забоншиносии муќоисавии таърихї ишѓол мекард ва дар љараёни тадќиќ маводи забонњои гуногун ва зиёдеро љамъоварї намуда, дар заминаи онњо хулосањои лозимї мебароварданд. Имрўз бошад вазъи тадќиќот таѓйир пазируфта, тибќи салоњияти забоншиносон барои тањлил, тадќиќ ва пешнињоди фарзияњои илмї истифодаи маводи як забон ва аз он беш низ кифоят мекунад.

Акнун омадем ба масъалаи омўзиши проблемањои забоншиносии умумї.Масъалањое, ки забоншиносии умумї њадафи худ ќарор медињад, аз инњо иборатанд, ки муњимтарини онњоро зикр менамоем.

Мавзўи аввал, ки забоншиносии умумї њадафи омўзиши худ мансуб медонад, масъалаи ањдофи лингвистика, доира ва њудуди онЊо мебошад;

Дуввум, масъалаи таќсими сохтории (структурии) забон ва робитаи дохилии  онњо;   Сеюм, масъалаи амалкарди забон ва алоќањои берунии (хориљии) он;

Чорум, масъалаи инкишофи таърихии забон, шароити дохилию берунии инкишофи он;

Панљум, масъалаи забон чун системаи аломатњо ва мавќеи забон дар байни системаи аломатњои дигар;

Шашум, масъалаи умумияти забонњо аз лињози сохтор ва махсусияти онњо, инчунин проблемаи таснифоти забонњо;

Њафтум, масъалаи забоншиносии умумї илм дар бораи забон, метод ва усулњои гуногуни тадќиќот, сохтори дохилии ин илм ва робитањои хориљии он, аз љумла, алоќаи онЊо бо илмњои дигар.

Забоншиносии умумї умдатарин ќонуниятњои инкишофи забонњо ва мављудияти онњоро тањќиќ мекунад. Забоншиносии хусусї бошад, забонњои алоњида ё гурўњи забонњоро мавриди омўзиш ќарор медињад.

Забоншиносї аз рўи усули тадќиќ ба забоншиносии муќоисавї-таърихї, типологї ва структурї таќсим мешавад. Дар асри ХХ бошад соњахои нави забоншиносї арзи вучуд карданд, ки аз инњо иборатанд: забоншиносии математикї, забоншиносии психологї, забоншиносии иљтимої (сотсиолингвистика). Аз рўи хулосањое, ки дар натиљаи тањќиќ ба даст омадааст, оиди забоншиносии назарї ва забоншиносии амалї сухан намудан ба маќсад мувофиќ аст. Инчунин забоншиносї вобаста ба маводи мавриди тадќиќиаш ба забоншиносии таърихї ва забоншиносии тасвирї људо мешавад. Ба омўзиши шеваю лањљањо илми шевашиносї машѓул аст. Услубшиносї, сотсиолингвистика, таърихи забон низ аз соњањои мустаќили забоншиносии имрўзаанд. Забоншиносї соњањои дигареро дар бар мегирад, ки љињатњои гуногуни забонро тањќиќ мекунанд: фонетика ва фонология – системаи овозњоро, грамматика (морфология ва синтаксис) – сохти калима ва љумларо, лексикология ва лексикография – таркиби луѓавиро, фразеология – ибораву таркибњои рехтаро, этимология – баромад ва инкишофи таърихии калимањоро, ономастика (антропонимика, топонимика) – исмњои хосро, палеография – таърихи хатро ва ѓ-ро меомўзанд. Семасиология бошад, маънои калима ва ифодаю таѓйири маънои калимаро меомўзад.

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Добавление комментария

Имя:*
E-Mail:
Комментарий:
Введите код: *
 
Разработано в студии Tojstudio.tj