Данный браузер не поддерживается. Используйте более совремменный браузер.
Рады Вам. Добро пожаловать на наш сайт. Уважаемые посетители нашего сайта Avasto.tj Если у вас есть Рефераты.Курсовые и Дипломные работы на Таджикском языке, можете добавлять на наш сайт.
» » Чадвали Менделеев (Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ)
26 сен 2017
Информация к материалу
  • Просмотров: 2481
  • Автор: azamino
  • Дата: 26 сен 2017

Чадвали Менделеев (Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ)

azaminoДигар фанхо

Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ (ҷадвали Менделеев) — таснифи элементҳои химиявӣ аст, ки он иҷозат медиҳад вобастагии байни хосиятҳои гуногунро аз массаи атомӣ (аниқтараш, аз миқдори протонҳо дар ядрои атом) муайян созем. Ин низомро химики рус Д. И. Менделеев дар солҳои 1869—1871 дар асоси қонуни даврӣ, ки худ соли 1869 кашф намудааст, таҳия кардааст ва он ифодаи аёнии ин қонун мебошад. Чанд сад намуди тасвири системаи давриро пешниҳод кардаанд, вале шакли маъмули он дар шакли ҷадвали дученака аст, ки дар он ҳар як сутун (ҳамагӣ 8 то сутун) хосиятҳои физикиву химиявии асосиро муайян мекунад. Сатрҳо бошанд, даврҳое мебошанд, ки ба ҳам монандие доранд.

      Маълумоти пурра дар Авасто. Хучанд +992 92 959-04-08   Як занг ва мавод дар вайбери шумо равон мекунем!

 

Таърихи кашф

Кори нахустини Менделеев аз ҷониби ӯ ҳамчун "Таҷрибаи системаҳои элементҳо дар массаи атомии онҳо ва мувофиқати кимиёвӣ" номгузорӣ карда шуд. Достоне мавҷуд аст, ки мувофиқи он системаи давриро Менделеев дар хоби худ дида аст.

 

Олими олмони Л. Мейер соли 1864 элементҳоро мувофиқи вазни атомии онҳо ҷойгир намуда ҷадвалеро пешниҳод намуд, ки даврӣ будани хосиятҳои элементҳои кимиёвиро нишон дод. Аксари мардуми Аврупо бахусус дар Олмон чунин ҳисоб мекунанд, ки Мейер новобаста аз Менделеев системаи давриро кашф намуд. Барои он ки ҳуқуқҳои муаллифӣ риоя карда шаванд, аксари толибилмони мамолики Ғарб ин системаро ҳамчун "Системаи даврии элементҳо" меомузанд ва номи аввалин кашфкунандаи онро зикр наменамоянд.

 

Моҳияти кашф аз он иборат аст, ки бо зиёдшавӣ вазни атомӣ-и элементҳои кимиёвӣ хосиятҳои онҳо ба таври даврӣ тағйир меёбанд. Баъди миқдори муайяни элементҳои аз рӯи хосиятҳояшон гуногун, ки аз рӯи зиёдшавии вазнашон ҷойгир карда шудаанд, хосиятҳояшон такрор мешаванд. Масалан,натрий ба калий монанд буда, неон ба аргон ва тилло ба нуқра ва мис шабоҳат дорад. Албатта хосиятҳои элементҳо айнан такрор нашуда, балки илова ё тағйир меёбанд.

 

Дар охир маълум гардид, ки даврияти системаҳои элементҳоро на ин ки тавассути массаи атомӣ, балки бо ёрии заряди ядро ё рақами атомӣ муайян карда шуда, ки сохт ва пуршавии қабатҳои электронии атоми элементҳо аз онҳо вобаста мебошад.

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Добавление комментария

Имя:*
E-Mail:
Комментарий:
Введите код: *
 
Разработано в студии Tojstudio.tj