Данный браузер не поддерживается. Используйте более совремменный браузер.
Рады Вам. Добро пожаловать на наш сайт. Уважаемые посетители нашего сайта Avasto.tj Если у вас есть Рефераты.Курсовые и Дипломные работы на Таджикском языке, можете добавлять на наш сайт.
» » Конфутсий бо забони тоҷики
19 фев 2018
Информация к материалу
  • Просмотров: 728
  • Автор: azamino
  • Дата: 19 фев 2018

Конфутсий бо забони тоҷики

azaminoДигар фанхо / Иншо

Конфутсий

Конфутсий ё Конфусиус (лотинӣ) — (551 - 479 пеш аз мелод), мутафаккир ва файласуфи чиноӣ мебошад, ки кору эҷодиёташ ба фикрронӣ ва ҳаёти чиноиён, куриёгиён, ҷопониён ва ветнамиён таъсири чуқур расонидааст. Конфутсий, яке аз мутафаккирони бузурги давраи қадим, рамзи Чин, маданияту андешаҳои фалсафии ин кишвар ва ҳам нахустустоди ҳамаи чиниҳо ба шумор меравад. Дар тӯли садсолаҳо даҳҳо миллиард ниёгони аҳолии Чин ва ҳамсояҳои он - ҷопонҳо, куриёиҳо, ветнамиҳо - хотираи ӯро ҳамчун устоди зиндагй пос дошта омадаанд. Барои тамаддуни Шарқи Дур Конфутсий ба мисли Исои Масеҳ барои насрониҳою Муҳаммад (с) барои мусалмонҳост. Таълимоти ӯ ба таҳкурсии асосии сохти давлатдории Чини бузург табдил ёфта буд.

Конфутсий бо забони тоҷики

 

Зиндагинома

Конфутсий дар шоҳигарии Лу (ҳоло Сюйфуи Шандун), дар оилаи муфлисгаштаи хизматчиёни давлативуҳарбии барӯманд ба дунё омадааст. Дар ҷадвали солшумории чинй рӯзи таваллуди Конфутсий ба 21 рӯзу 10 моҳу 20 соли ҳукмронии буғдихони Линг-Ванга (шоҳи оқил) баробар аст, яъне ба соли 551 то милод. Номи Конфутсий шакли лотинишудаи Кун Фу-сзй, яъне «устод Кун» аст. Дар сесолагиаш аз падар маҳрум гашт. Модарашро беҳад эҳтиром менамуд, ба.ҳар суханаш гӯш меандохт. Новобаста аз хурдсолй табиатан ором, ботамкин ва бомулоҳиза буд. Бозии дӯстдоштааш иҷрои ҳар гуна маросим, аз ҷумла қурбонй ба шумор мерафт. Дар 17- солагӣ ӯро ёвари муаллимаш Пинг-Чунг, олими шинохта, таъйин карданд.

7-сахифа 
Маълумоти пурра дар Авасто. Хучанд +992 92 959-04-08 Як занг ва мавод дар вайбери шумо равон мекунем!

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Добавление комментария

Имя:*
E-Mail:
Комментарий:
Введите код: *
 
Разработано в студии Tojstudio.tj